Писари иблис Наримон. 8. Некрӯз Назирзода
Чтение книги онлайн.

Читать онлайн книгу Писари иблис Наримон. 8 - Некрӯз Назирзода страница 6

СКАЧАТЬ иблисҳо душманони ашаддӣ ҳастанд. иблисҳо ва инсоният ҳеҷ гоҳ бо якдигар дӯст набуданд ва намешаванд. Ин фикратро фаромӯш кун ва агар маро дар ҳақиқат падарам гӯӣ дигар ин гапҳоятро нагӯ!

      Нараримон дар чашмони Камар ғамгиниро дида тавонист. Камар оҳиста хесту баромада рафт. Наримон бошад, ба дарёи ҳаёлот ғарқ шуд ва ба худ чунон саволҳоро медод, аммо ин саволҳои ӯ гӯё охир надоштанд. Ӯ фикр мекард, ки ба ин саволҳо ҳеҷ гоҳ ҷавоб ёфта наметавонад ва савол ҳамчун савол мемонад.

      Ҳамон вақт Самеъ ба назди ӯ даромад.

      – Чиро он қадар зиёд фикр мекунӣ? – ҳайрон шуд Самеъ —Биё худам меёбам. Дар бораи ҳаёти беруна, оё ҳақ ҳастам?

      Наримон ҷавоб надода, хомӯш оташро бозикунон менишаст.

      – Наримон— гуфт Самеъ —Агар ту дар ҳақиқат аз ин ҷо баромадан хоҳӣ, ман ба ту як чизро нишон медиҳам.

      – Чиро? – Наримон шавқ пайдо кард.

      Самеъ ҷавоб дод:

      – Ҳамон рӯз, вақте ба назди Флунҳо рафтем, даромадгоҳ дар нисфи пайроҳа буд ва пайроҳа ҳоло идома дошт, дар хотир дорӣ? Дар охири ҳамон пайроҳа чӣ бошад?

      – Дар охири пайроҳа чӣ ҳаст— пурсид Наримон —Оё ин асрори навбатии Тирагоҳ аст? Ту маро ҳар рӯз дар тааҷҷуб гузошта истодаӣ Самеъ.

      – Намегӯям— гуфт Самеъ —Биё, беҳтараш нишон медиҳам. Бо чашмони худат бубин!

      Онҳо ҳарду боз ба ҳамон пайроҳаи тангу торик даромаданд. Дар болои каф оташ пайдо намуданд ва ба назди даромадгоҳи назди Флунҳо расиданд.

      – Дар ин ҷо даромадгоҳ ба назди Флунҳо буд— гуфт Самеъ —Чизе, ки мо мебинем дар охири ҳамин пайроҳа аст. Рафтем!

      Онҳо аз назди даромадгоҳ гузашта рафтанд ва пас аз чанд лаҳза охири пайроҳа намоён шуд. Онҳо аз охир тақрибан даҳ – дувоздаҳ қадам дуртар истоданд. Наримон дасти росташро бардошта, кафи худро ба сӯи охири пайроҳа кушод. Аз он ҷо садои гумбур – гумбури кӯҳ баромад ва як санг ба боло оҳиста баромад. Дар охири пайроҳа як баромадгоҳе кушода шуд. Осмони кабуди мусаффо намоён шуд ва пайроҳаро нури офтоб равшан сохт. Наримон дар ҳаёти худ бори нахуст нури офтобро дид. Садои форами паррандаҳо ба гӯш расид. Наримон дар ҳайрат буд.

      – Агар хоҳӣ, марҳамат! – гуфт Самеъ.

      Наримон оҳиста ба тарафи баромадгоҳ ду қадам гузошту истод ва гуфт:

      – Не Самеъ. Ман ин тавр карда наметавонам. Намедонам барои чӣ ба ман баромадан мумкин не, аммо агар падарам гуфта бошад, дар ҳақиқат ин кулфат меорад.

      Наримон ба ақиб гашт.

      Самеъ баромадгоҳро пӯшид онҳо ҳарду аз баромадгоҳ дур шуданд. Гарчанде, ки ба Наримон баромадан манъ буд, ӯ оҳиста ба баромадгоҳ нигоҳ карда монд. Инро Самеъ дида ба Наримон гуфт:

      – Наримон, агар баромадан хоҳӣ, бигӯ. Ман туро ба берун мебарорам ва ваъда медиҳам, ки касе намедонад.

      Наримон китфи Самеъро дошту гуфт:

      – Самеъ, ҳамаи он чизҳое, ки худат медонӣ, бо ман ба ҳам дидӣ, хабардор намудӣ. Барои ҳамин ҳам, ман аз ту миннатдорам. Ҳоло бошад, касе моро надида аз ин ҷо равем.

      Самеъ сарашро ҷунбонида СКАЧАТЬ