Писари иблис Наримон. 8. Некрӯз Назирзода
Чтение книги онлайн.

Читать онлайн книгу Писари иблис Наримон. 8 - Некрӯз Назирзода страница 2

СКАЧАТЬ писарам!

      Дар ҳамон кӯҳ як ғоре буд. Аз намуди зоҳирӣ ғори оддӣ буд ва он қадар дароз ҳам набуд. Камар ба охири ғор рафт ва дасташро ба девори сангини ғор гузошт. Дар мобайни дасти Камар ва санг оташ пайдо шуд. Камар дасташро гирифт ва санг даргирон як сӯрохаи доирашакле дар ғор пайдо шуд. Атрофи сӯроха даргирон оҳиста калонтар шуд. Камар аз даруни он сӯроха ворид шуд. Сӯроха боз даргирон оҳиста хурд шуда, пӯшида шуд ва оташ ғоиб гашт.

      Айнан даруни ҳамон кӯҳи азимро «Тирагоҳ» меномиданд. Ҳама тарафи он сангин буд ва ягон растанӣ дар он ҷо мамерӯид. Он ҷо хонаи иблисҳо буд. Дар даромадгоҳ ҷои васеъ, ки ҳамаи иблисҳо ҷамъ мешаванд ва аз он ҷо якчанд пайроҳаҳо буданд, ки аз он пайроҳаҳо ба ҷойҳои гуногуни Тирагоҳ рафтан мумкин буд. Дар деворҳо оташҳо барои равшанӣ сохтан, дар таги по ва дар деворҳо морҳо, каҷдумҳо тортанакҳо ва гургони сиёҳу чашмонашон зард мегаштанд. Дар Тирагоҳ тақрибан сесад иблисҳо буданд.

      Вақте, ки Камар даромад, ҳама иблисҳо ба ӯ нигоҳ карданд. Нигоҳ ва чашмони ҳамаи онҳо шахсро ба ваҳима меандохт. Ҳамаи он иблисҳо сиёҳ пӯшида буданд. Дар Тирагоҳ ягон хосият набуд ва дар онҷо шахс худро ҳамчун дар зиндони қотилон ҳис мекард.

      Камар оҳиста Наримонро бардошта, аз мобайни иблисҳо мегузашт. Иблисҳо ба ӯ роҳ кушода ба ду тараф гузаштанд ва касе аз Камар ва Наримон чашмашро намеканд. Даме, ки Камар аз назди онҳо мегузашт, иблисҳо ба якдигар пичирос мезаданд:

      – Наримонро овард. Инсонбаччаро овард. Касофатро овард. Ӯ дар ин ҷо зиёд зинда намемонад!

      Онҳо ба кӯдак бо нигоҳи хунук, мисли ҳайвонҳои ваҳшӣ нигоҳ мекарданд.

      Ҳамаи ин гапҳоро Камар шунавида, тарс ва ваҳима дар дили ӯ пурзӯртар мегашт. Камар дар ҳаёти худ бори нахуст аз чизе тарсид. Бори нахуст тарсро ҳис кард.

      Камар оҳиста аз байни иблисҳо гузашта, ба як пайроҳаи таргтаре даромад ва роҳашро давом дод. Дар болои пайроҳа хонаҳои тортанакҳо пур буданд ва тортанакҳои сиёҳи заҳрдор дар ҳама деворҳои Тирагоҳ дида мешуд. Дар он ҷо на дар ва на тиреза мавҷуд буд.

      Камар ба як ҷое даромад, ки монанди толор буд. Дар мобайн як курсии шоҳона буд, ки рангаш кабуди баланд ва дар болояш сари мор тасвир карда шуда буд. Дар ду тарафи курсӣ сутунҳои баланд буданд ва дар нӯги он сутунҳо оташ дар мегирифт. Дар пеши курсӣ бошад, як миз буд. Дар паҳлӯи чапи курсӣ як қамчини сиёҳи дарозе буд, ки мисли мор ҷунбида меистод. Дар деворҳои ҳуҷра низ оташҳо буданд.

      Даме, ки Камар ба он ҷо ворид шуд, дар он ҷо чаҳор бародарон ва хоҳарони ӯ буданд. Ду бародар ва ду хоҳар. Бародари калонии ӯ, ки сардори Тирагоҳ буд, дар курсӣ менишаст. Ҳамон бародарашро Авранг меномиданд.

      Авранг иблисе, ки ранги хунук, чашмони сафеду зард, бемӯ буд. Аз сараш ду шохи кӯтоҳ баромада буд. Аз берангии пӯст, рагҳои кабуди ӯ дар баданаш намоён буд. Дар рӯи чап, аз таги чашм то назди лаб асари захм буд. Лабони кабуд ва даҳони калон дошт. Дар тан либоси сиёҳи ғайриоддие дошт, ки гӯё пӯсти морро дар тан дошта бошад. Камар мисли иблисҳои дигар бераҳм, бешафқат, худбин ва сангдил буд. Шахсе, ки бо гапи ӯ розӣ нашуд, раҳм намекард. Барои ҳамин дар СКАЧАТЬ