Название: ПиÑари Ð¸Ð±Ð»Ð¸Ñ Ðаримон. 8
Автор: Ðекрӯз Ðазирзода
Издательство: ИздательÑкие решениÑ
Жанр: Книги для детей: прочее
isbn: 9785449819086
isbn:
Камар бошад, ба замин нигоҳ мекард. Авранг суханонашро давом дод:
– Наҳод, ту ҳамин зотро, ҳамин мисли шапарак беқувватро «писарам» гӯён фахр мекунӣ?
– Ту оварданро фармон додӣ, овардам— ҷавоб дод Камар.
– Оё медонӣ, чаро ин тавр фармон додам? – пурсид Авранг ва Камар сухан накарда гапашро давом дод —Барои он, ки зоте хуни иблисро дорад, набояд бо инсонҳо ба воя расад. Набояд дар тарафи инсоният бошад. Барои ҳамин писарат ё дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунаду мисли иблиси ҳақиқӣ ба воя мерасад ва қоидаҳои моро азхуд менамояд, ё умуман зиндагӣ намекунад!
Камар сарашро бардошта ба Авранг нигоҳ кард.
Авранг суханашро давом дод:
– Медонам, ки кадом роҳро интихоб мекунӣ ва пешакӣ гӯям, ки писарат то ба синни ҳаждаҳ расидан аз Тирагоҳ як қадам ҳам ба берун намебарояд, инсониятро намебинад, модараш инсон будагиашро намедонад. Фақат бо қонуну қоидаи иблисҳо зиндагӣ мекунад. Агар ба ҳаждаҳсола нарасида аз Тирагоҳ барояду ба инсоният ҳамроҳ шавад, ҳамон рӯз ҳам туро ва ҳам писаратро марги бешафқат интизор аст. Агар ба ҳамин шарти ман розӣ бошӣ, писарат зинда, дар ҳамин ҷо мемонад.
Камар хомӯш меистод. Ҳама бошад ҷавобро интизор буданд.
– Ҷавобро интизорам— гуфт Авранг —Розӣ ҳастӣ ё не?
Камар ба чеҳраи хурдакаки Наримон нигоҳ карду ҷавоб дод:
– Розӣ ҳастам!
Фасли дувум
Асрори Тирагоҳ
Аз байн чордаҳ сол сипарӣ гашт. Наримон ба синни чордаҳ расид ва ҳоло бори нахуст ҳам инсонро надидааст. Ҳаёти инсонӣ чи буданашро намедонист. Ӯ дар байни иблисҳо, мору тортанакҳо калон шуд ва дар бораи некӣ, зебогӣ ва меҳр ҳатто тасаввуроте надошт. Намедонист, ки дард чӣ аст. Ба фикри наримон ҳаёт ин даруни Тирогоҳ аст ва Тирагоҳ тамоми дунёи Наримон буд. Дар давоми чордаҳ сол ҳатто ба баромадгоҳи Тирагоҳ наздик ҳам нашуд.
Наримон писараки содда буд ва мӯйҳои ҷигарию чашмони калон – калон, ки ранги чашмон низ ранги мӯйҳои ӯ ҷигарӣ буданд. Дар вақтони охир Наримон бисёр таъсирчан шуда буд, ки ин хислати ӯ Камарро хавотир мекарду ғазаби Аврангро меовард. Соддадил будани ӯ дар назди амакбачааш Самеъ боз ҳам намоёнтар мешуд.
Самеъ писари Бадир буд. Ӯ аз Наримон як сол хурд буд, аммо аз Наримон зиёд чизро медонист. Самеъ мисли падараш бераҳм, сангдил буд. Ҳайвонҳои дар Тирагоҳ бударо кушта, морҳоро майда – майда карда мегашт. Ӯ мӯйҳои зард, чашмони кабуд қомати хароб ва дандонҳои калон – калон дошт. Ба хулқи хунуки ӯ нигоҳ накарда, Наримон ва Самеъ муносибати хуб доштанд.
Модари Самеъ яке аз иблисҳои Тирагоҳ Кибрия буд. Кибрия аз намуди зоҳирӣ бо Самеъ монанд буданд. Ӯ низ мӯйҳои зарду чашмони калони кабуди ранги хунукӣ, пешонаи майда дошт ва шакли рӯи ӯ рӯи қурбоққаро ба назди чашм меовард. Кибрия Наримонро хуш намедид ва Ба Самеъ бо Наримон вақти зиёд гузаронданро манъ мекард. Аммо ба муқобилияти Кибрия нигоҳ накарда, Самеъ вақти зиёди худро бо Наримон мегузаронид, СКАЧАТЬ