Название: ПиÑари Ð¸Ð±Ð»Ð¸Ñ Ðаримон. 8
Автор: Ðекрӯз Ðазирзода
Издательство: ИздательÑкие решениÑ
Жанр: Книги для детей: прочее
isbn: 9785449819086
isbn:
– Бале— гуфт Самеъ —Моро дар ин ҷо набояд, ки касе бубинад дар акси ҳол, ба сарамон кулфат меояд.
Онҳо зуд аз он ҷо баромаданд ва даромадгоҳ боз пӯшида шуд. Онҳо аз роҳи омадаашон бо зудӣ ба поён фаромаданд.
Дар поён ҳамаи иблисҳо ҷамъ шуда буданд. Авранг ба монанди минбар ба ҷои баланд баромада, бо овози баланд сухан мекард. Ҳамаи иблисҳо хомӯш ва бодиққат суханони ӯро гӯш мекарданд. Наримон ва Самеъ низ ба қатори дигарон ҳамроҳ шуда, Аврангро гӯш карданд.
Авранг бе саросемагӣ, дона -дона, ба ҳар тарафи иблисҳо нигоҳ карда, гуфт:
– Мақсади асосии мо дунёро аз они худ кардан аст. Албатта ҳама зот мехоҳад, ки дар дунё ҳукмрон бошад. Аммо аз они мо хоҳиш нест балки мақсад аст. Доимо ба сӯи мақсад ҳаракат мекунем ва касе ҳалалдор шавад бо замин яксон мекунем. Дар ин дунё зулмотро ҳукмрон месозем ва одамон ҳар лаҳза аз иблисҳо ҳаросида зиндагӣ мекунанд. Дар ёд дошта бошед, ки одам доимо аз мо поён аст. Онҳо дар назди мо як мавҷудоти заиф ва паст. иблисҳо ҳамеша ба мақсади худ мерасанд ва ғалабаро ба даст меоранд. Дар роҳи мо монеъаи калон як зот буд, ки он зотро «Афсунгарҳо» меномиданд. Онҳо мехостанд, ки мақсади мо амалӣ нашавад, аммо мисли ҳарвақта иблисҳо пурқудтар баромаданд. Якчанд даҳсола қабл зоти афсунгарҳо тамоман нест карда шуд. Аз зоти афсунгарҳо ягон дона намонд. Ҳамин тавр, навбат бо навбат, ҳама зотҳоро несту нобуд месозем. Ҳукмронӣ аз они зоти пурқудрадтарин шуданаш лозим ва ҳамин тавр ҳам мешавад!
Фасли сеюм
Сири Луиза
Авранг суханонашро ба итмом расонид ва ба тарафи ҳуҷраи худ рафт. Аз паси ӯ Камар, Бадир ва Сафия рафтанд. Авранг ба курсии худ нишаста аз дигарон пурсид:
– Луиза дар куҷо?
Ҳама ба якдигар нигоҳ мекарданд ва ҳамон вақт Луиза саросемавор даромада омад. Авранг аз ҷои худ хесту ба Луиза муддате нигоҳ кард ва пурсид:
– Дар куҷо будӣ?
– Ба берун баромада будам— Луиза ҷавоб гардонд.
Авранг оҳиста ба Луиза наздик шуд ва рост ба чашмони ӯ нигоҳ карду боз пурсид:
– Оё ба берун бо ягон мақсад баромадӣ?
Пас аз савол Луиза чашмонашро аз чашмони Авранг канду ба замин нигоҳ кард ва ҷавоб дод:
– Не, ягон мақсаде надоштам.
– Хуб— гуфт Авранг —Маро танҳо гузоред. Фақат Сафия ту бимон— ӯ ба Сафия нигоҳ кард.
Ҳамма баромада рафтанд. Танҳо Сафия ва Авранг монданд. Авранг ба ӯ нигоҳ карду гуфт:
– Сафия, ба ту як вазифа медиҳам. Ту аз ӯҳдаи ин кор мебароӣ. Ин корро ман умуман ба Камар бовар намекунам. Ӯ чӣ тавре, ки ман мехоҳам, иҷро карда наметавонад.
– Бигӯ! ба ҷо меорам— гуфт Сафия бо оҳанги боварӣ.
– Луиза чизеро аз ман пинҳон мекунад— шубҳа кард Авранг —Вазифаи ту аз ҳамин лаҳза аз ҳар як қадами Луиза хабардор мешавӣ ва маро низ хабардор менамоӣ. Ба куҷое наравад, аз пасаш бирав! Туро касе набинад ва надонад. Ин гап дар байни ҳардуи мо бимонад! Амали шубҳанок СКАЧАТЬ