Писари иблис Наримон. 8. Некрӯз Назирзода
Чтение книги онлайн.

Читать онлайн книгу Писари иблис Наримон. 8 - Некрӯз Назирзода страница 11

СКАЧАТЬ ки духтараке, ки бори нахуст ба Тирагоҳ даромада, баромадгоҳи маҳфиро донистанаш қадри имкон нест. Ба ӯ касе, ки Тирагоҳро хуб медонад, ёрӣ расонд. Дар торикӣ надидам, ки ӯ кӣ буд.

      Авранг каме фикр карду гуфт:

      – Дар бораи баромадгоҳи махфӣ танҳо мо медонем. Ба он тараф ягон иблис намегузарад ва ҳамон вақт ҳар чаҳори мо дар назди Луиза будем, аз ин бармеояд, ки ё Самеъ ё Наримон ёрӣ расонидааст.

      – Аммо Наримон баромадгоҳи маҳфиро намедонад— гуфт Камар —Ӯ ёрӣ дода наметавонист.

      – Оё ту мегуфтанӣ, ки Самеъ ин корро кардааст? – пурсид Бадир —Писари ман бар муқобили мо ҳеҷ гоҳ намебарояд. Ӯ қоидаҳои моро хуб медонад.

      – Шояд ки Наримон баромадгоҳро надонад— гуфт Авранг ба Камар —Аммо аз ӯ чунин корҳоро интизор шудан мумкин. Мегӯянд-ку кӯр кӯрро дар торикӣ меёбад. Шояд писарат ба ҳамзоти худ, ҳаромхун ёрӣ расонида бошад. Агар шубҳаҳои ман рост барояд, ба ҳолати аз Луиза ҳам бадтар мефароӣ Камар. Фаромӯш накун!

      – Ҳақиқат як рӯз не як рӯз ошкор мешавад— гуфт Камар —Дар ҳамон вақт чӣ хел ҷазо доданро муайян мекунӣ Авранг!

      Камар бо ҷаҳл баромада рафт.

      Ӯ рост ба назди Наримон, ки бо хаёлҳои гуногун хомӯш менишаст, омад. Ӯ рӯ ба рӯи Наримон нишасту пурсид:

      – Духтари Луиза гурехта, зинда мондааст, оё хабар дорӣ?

      – Ҳа, хабар дорам— ҷавоб дод Наримон —Барои гурехтан ба Аида ман ёрӣ расонидам.

      – Чӣ? – Камар ба тааҷҷуб афтид —Наримон оё ту медонӣ чӣ кор кардӣ?

      – Намедонам— Наримон ба чашмони Камар нигоҳ кард —Намедонам, ки чӣ кор кардам. Вақте, ки Аида барои Луиза бо ҷидду ҷаҳд гиря мекард, дар мана ин ҷоям дардро ҳис кардам.

      Наримон дилашро дошт. Камар лаҳзае гапи худро гум кард. Ӯ оҳиста барои худро доштан, дасташро мушт карду гуфт:

      – Наримон, иблис набояд дардро ҳис кунад. Дард ба мо тамоман чизи бегона аст. Ин гапҳоро дигар нагӯ!

      Наримон ба ғазаб омаду гуфт:

      – Инро нагӯ, онро нагӯ! Дар ин ҷо чизеро гуфтан мумкин аст ё не? Оё ман ҳам мисли ту ҳама гапҳоро дар дарунам нигоҳ дорам? Мисли ту хомӯш гардам? Ту низ дардро ҳис мекунӣ-ку вақте, ки дар бораи модарам фикр мекунӣ, ҳамин тавр не. Аммо ту аз тарси худ ба касе намегӯӣ. Аммо ман инро фаҳмидам.

      Дар чашмони Камар яраққос зада каме ашк намоён шуд.

      Наримон бошад гапҳои худро давом дод:

      – Модари ман иблис нест, ҳамин тавр? Чӣ тавре, ки мегӯянд, ман ҳаромхун ҳастам.

      – Ин тавр нагӯ— гуфт Камар —Ту ҳаромхун нестӣ.

      – Набошад? кӣ ҳастам? – пурсид Наримон —Ҷавоб бидеҳ! Чаро айнан ба ман дар ин ҷо ҳеҷ чиз мумкин нест? Барои чӣ хоҳишҳои ман аз хоҳиши дигарон фарқ мекунад? Барои чӣ дигарон азоб бинанд, ман дардро ҳис мекунам? Чаро Аида маро ту ҳиссиётҳои одамигарӣ дорӣ гуфт? Ту иблис нестӣ гуфт? Оё Аида ҳақ аст?

      – Наримон медонӣ?

      Камар сухан карда буд, як саққочаи нурафшоне оҳиста ба байни онҳо парида даромад. Наримон кафашро кушод ва саққо ба кафи Наримон оҳиста фаромад.

      – Ин чӣ аст? – Наримон ҳайрон шуд.

СКАЧАТЬ