Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев
Чтение книги онлайн.

Читать онлайн книгу Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев страница 4

СКАЧАТЬ системаи омӯзиши экологӣ ҷорӣ шудааст, элек-тролизҳо ва технология истеҳсолот нав мешавад, гирду атрофи корхона мониторинги доимии давлатию идоравии сифати ҳаво ва об гузаронида мешавад.

      Манбаи маълумотдиҳӣ дар бораи партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера дар Тоҷикистон Агентии омор мебошад, ки он маълумоти расмӣ пешниҳод менамояд (www.stat.tj). Маълумотҳо дар бораи ғунҷоиши моддаҳои ифлоскунанда, бо нишон додани ҳиссаи ғунҷоиши ҳадди имкон ҳар ҳафта дар сайти Агентии обуҳавошиносӣ чоп мешавад (www.meteo.tj).

      Мушоҳидаҳо аз рӯи сифати ҳаво дар панҷ шаҳрҳо гузаронида мешаванд. Миқдори моддаҳои ифлоскунанда дар ҳаво одатан аз меъёрҳои ғунҷоиши ҳади имконпазир зиёд намешавад. Баъзан шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар (Қӯрғонтеппа) ба ифлосшавии зиёди ҳаво дучор мешаванд, ки сабаби асосии он партовҳо, сабабҳои метеолорогӣ – миқдори ками боришот, туфонҳои ҷангӣ, ҳавои бешамол, беҳаракат мондани гардишҳои атмосферӣ дар фасли зимистон.

      Шабакаҳои гармидиҳии марказию инфиродӣ, ки бо ангишт ва ҳезум кор мекунанд, сифати ҳаворо дар фасли зимистон бад мегардонанд, гази табиӣ барои гармкунии хонаҳо истифода намешавад. Барои тайёр намудан ва гармкунии хӯрок ҳезум ва ангишт истифода мешаванд. Партовҳо ба ҳавои атмосфера инчунин аз ҳисоби сӯзонидани пояи пахта (ғузапоя) ҳосил мешаванд.

      Беназорат сӯзонидани партовҳои истеъмолӣ ва пасмондаҳои муассисаҳои табобатӣ низ манбаи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳисоб мераванд.

      Аз ҷониби давлат чораҳои дахлдор андешида мешаванд – санҷиши дуднокӣ, назорати сифати сӯзишворӣ, дастгирии рушди нақлиёт бо сӯзишвории газ. Дар давоми 15 соли охир ҳиссаи автомобилҳои бо газ коркунанда чанд маротиба зиёд шудааст, аз 5% то 30- 40%. Истифодаи васеи гази моеъ аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ ёбад, чунки он метавонад партовҳоро ба ҳаво нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ кам кунад. Автомобилҳои сабукрави электрикӣ ва гибридӣ кам истифода бурда мешаванд, вале бо тараққиёти технологияи истеҳсол ва паст рафтани нархи хариди онҳо дар шароити электроэнергияи арзон ин намуди нақлиёт ояндаи хуб дорад. Аз соли 2018 дар мамлакат воридоти автомобилҳои куҳна, соли бароришашон то соли 2005 манъ шудааст.

      3. Таъсири антропогенӣ ба гидросфера

      Таъсироти антропогенӣ ба ҳавзаи обӣ

      Обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ қабати обии сайёраро, ё ин ки гидросфераро ташкил медиҳанд.

      Обҳои сатҳӣ уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва дигар ҷараёнҳои обу ҳавзҳоро дар бар мегиранд. Ба обҳои зеризаминӣ обҳои намуди гуногун дахл доранд, ки онҳо дар қабатҳои болои литосфера ҷойгир шудаанд. Обҳои Замин дар ҳаракати мунтазам мебошанд. Гирдгардиши об ҳамаи қисмҳои гидросфераро пайваст менамояд, ки он системаи сарбастаро ташкил медиҳад. Одатан дар об ғашҳои пайдоишашон ғайриорганикӣ СКАЧАТЬ